- доман
- [دامن]1. қисми поёнии либос: домани курта, домани пӯстин, домани ҷома: офтобро бо доман пӯшида намешавад (мақ.)2. миқдори чизе, ки дар доман мегунҷад; доман-доман хеле зиёд, ниҳоят бисёр3. канору ҳошияи ҳар чиз; қисми охири ҳар чиз, домана: домани биёбон, домани гулзор, домани дашту саҳро; домани кӯҳ ниг. домана; домани осмон // домани уфуқ чашмраси уфуқу осмон, ки ба назари бинанда канори онҳо барин менамояд; дар домани водӣ дар қисми охири водӣ, дар баромадгоҳи водӣ; то домани баҳр то лаби баҳр, то канори баҳр; доман паҳн кардан ҷой гирифтан, фаро гирифтан, воқеъ гаштан; домани касе ё чизеро раҳо насохтан // домани касе ё чизеро сар надодан тарки алоқа накардан аз касе; аз баҳри чизе нагузаштан; ҷудо нашудан аз касе ё чизе; домани касеро гирифтан а) аз паси касе рафтан, пайравӣ кардан ба касе; ба касе илтиҷо бурдан; б) даъвогар шудан, муддаӣ будан; касеро гунаҳгор шумурдан; домани касе тар будан фосиқ, фоҷир будан; бадном будан; домани касеро бо чормағзи пуч пур кардан касеро фиреб додан бо ваъдаи хушку холӣ ё гапҳои дигар; домани чизе васеъ(тар) гардидан вусъат пайдо кардан, инкишоф ёфтан; домани ҳиммат барзадан камари ҳиммат бастан, ҷаҳд кардан, бо кӯшишу ғайрат ба коре сар кардан; оташи чизеро доман задан ҳисси чизеро дар касе бедор кардан; касеро ба коре таҳрик кардан; аз домани касе ё чизе даст кашидан (бардоштан) тарк кардан, аз баҳри чизе ё касе гузаштан; ба доман парвардан (парварондан) бо меҳр парваридан; чанг ба домани чизе задан аз пайи чизе шудан; ба коре часпидан; дасти ману домани ту (мақ.) дар мавриди ба исрор ёрию мадад ё паноҳ талабидан ё узри гуноҳ хостан аз касе гуфта мешавад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.